Ҳайати ҶТ ба Покистон меравад
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 21 июн дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Покистон дар ҶТ Амҷад Ҳусейн Баркаталӣ Сайл баргузор гардид.Сафир дар ҷараёни мулоқот хабар дод, ки аз 4 то 7 октябри соли 2012 дар маркази тиҷоратии шаҳри Карочии Покистон Намоишгоҳи 7 – уми байналмилалии «ЭКСПО Покистон – 2012» баргузор мегардад ва хоҳиш намуд, ки ҳайати Тоҷикистон дар он иштирок кунад.Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар ин намоишгоҳ 52 кишвар маҳсулоти худро ба маърази намоиш гузошта буд. Шариф Саид изҳор дошт, ки солҳои охир ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни ҳар ду кишвар босуръат рушду густариш меёбад. Раиси палата ҳамчунин хабар дод, ки бо палатаҳои шаҳрҳои Карочи, Лоҳур ва Исломобод созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шудаанд. Мавсуф пешниҳод намуд, ки барои густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон намоишгоҳи Покистон доир карда шавад.Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






