Ҳайати тиҷоратии Қазоқистон ба Тоҷикистон меояд
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Агентии миллии оид ба содирот ва инвеститсияҳои Вазорати индустрия ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи чорабиниҳо ҷиҳати ривоҷ додани содироти маҳсулоти Қазоқистон ба бозорҳои хориҷӣ дар давраи аз 4 то 6 июл аз Тоҷикистон дидан мекунад. Мувофиқи хабари Палатаи савдо ва саноати ҶТ, дар ин давра ҳамоиши тоҷирон ва мулоқоти дуҷонибаи намояндагони корхонаҳои саноатии Қазоқистон ва Тоҷикистон баргузор гардида, маҳсулоти корхонаҳои Қазоқистон ба маърази намоиш гузошта мешавад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






