Ҳалокати шаҳрвандони Хитой дар садамаи нақлиётӣ
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Ронандаи автомашинаи тамғаи «Land-Cruiser» рақами давлатиаш АЕ 22-00 РТ 03 шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой Ван Чан Тани 41-сола, директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Джунда» ҳангоми ҳаракат дар 48-ум километри роҳи мошингарди Мурғоб-Қулма аз ӯҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи канори роҳ чаппа мешавад, ки дар натиҷа худи ронанда ва мусофирони дохили автомашина, шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой Зоу Занг Вени -37 сола, Линг Вей Чани 52 сола ва Ху Дани 48 -сола дар ҷойи ҳодиса ҳалок мегарданд. Тавре ки дар сомонаи Вазорати корҳои дохилаи кишвар mvd.tj иттилоъ доданд, мусофири дигари автомашинаи мазкур шаҳрванд Ситамов Фаррух Тоҷиддиновичи-24 сола, сокини ноҳияи Ёвон, корманди ҶДММ «Джунда» зарари ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






