Ҳамкории Лаҳистон бо минтақаҳои Тоҷикистон рушд меёбад
Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) «Данғара» дар Ҳукумати ноҳияи Данғара мулоқоти соҳибкорони вилояти Хатлон бо намояндагони Сафорати Лаҳистон баргузор гардид.Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз мулоқот бо иқтисод ва имкониятҳои инвеститсионии Лаҳистон шинос кардани тоҷирон, ҳамчунин муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории мутақобилан муфиди тиҷоратию иқтисодӣ ва пайдо намудани ҳамкорон буд. Зимни мулоқот муовини раиси ПСС ҷумҳурӣ Лариса Кислякова иброз дошт, ки моҳи ноябри соли гузашта гурӯҳи калони соҳибкорони Лаҳистон аз Тоҷикистон, аз ҷумла аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дидан кард. Дар натиҷаи мулоқотҳои пешина бо баъзе ширкатҳои Лаҳистон муносибатҳои ҳамкорӣ роҳандозӣ шуда буданд. Ҳоло бо иштироки Палатаи савдо ва саноат бобати ҷалби инвесторҳои Лаҳистон ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҷиҳати беҳсозии инфрасохтор ва бунёди корхонаи қанд гуфтушунид анҷом дода мешавад. Мушовири Сафорати Лаҳистон дар Тоҷикистон Славомир Стшалковски ҳозиронро бо имкониятҳои ҳамкорӣ бо Лаҳистон ва қарзҳое, ки Ҳукумати Лаҳистон барои дастгирии тоҷирони маҳаллӣ ва имкониятҳои қарзгирӣ ихтисос медиҳад, шинос намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






