Ҳамоиши бузурги доираҳои тиҷоратӣ
Душанбе, 5 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нимаи аввали моҳи сентябри соли равон дар маркази маъмурии вилояти мухтори Шинҷону Уйғури Чин-Урумчӣ ҳамоиши дуюми тавсеаи ҳамкориҳо дар рушди иқтисоди кишварҳои Осиёю Аврупо баргузор мегардад, ки ҳадафаш густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва дарёфти шарикони боэътимоди ҳамкор дар бахши муносибатҳои иқтисодист. Ин чорабинӣ дар доираи баргузории намоишгоҳи «ЭКСПО –Чин-АвруОсиё» доир шуда, дар он намояндагон ва доираҳои тиҷоратии кишварҳои АвруОсиё, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат намуда, масъалаҳои марбут ба тақвияти равобити иқтисодиро матраҳ менамоянд. Интизор меравад, ки иштирокдорони ҳамоиш аз минтақаҳои озоди иқтисодии Чин, хусусан Қошғар боздид намуда, дар мавриди дастёбӣ ба пешрафти тиҷорат ва роҳҳои такмили фаъолият табодули назару таҷриба хоҳанд кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






