Ҳамоиши мутахассисони ОМ ва ҚҶ
Душанбе, 8 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вазъи фаъолияти Марказҳои ҳавошиносии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ зимни вохўрии минтақавии роҳбарону намояндагони Хадамоти ҳавошиносии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ дар шаҳри Алмаато, собиқ пойтахти Қазоқистон матраҳ гардид. Парвина Саидҷамолова, мудири шўъбаи пешгўии боду ҳавои Муассисаи давлатии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, ки Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш намояндагӣ кард, дар сўҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт: ин чорабинӣ бо ибтикори Созмони Миллали Муттаҳид дар доираи Стратегияи байналмилалии коҳиш додани хавфи офатҳо гузаронида шуда, ҳадафаш тавсеаи ҳамкориҳои судманд, табодули таҷриба ва баррасии ҳалли мушкилоти ин соҳа буд. Дар ҳамоиш намояндагони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Гурҷистон дар мавриди баланд бардоштани таҷрибаи кормандони бахши ҳавошиносӣ ва омўхтани таҷрибаи пешқадами ҳамтоёни қазоқи худ пешниҳод ироа намуданд. Дар доираи ин пешниҳод интизор меравад, ки ояндаи наздик мутахассисони Муассисаи давлатии ҳавошиносии Тоҷикистон, давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозӣ Ҷанубӣ ба Алмаато сафар кунанд ва таҷрибаи ҳавошиносони Қазоқистонро омӯзанд. Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон доир ба вазъи фаъолияти хадамот ва марказҳои ҳавошиносии кишварҳояшон табодули назар намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои муфид таклифҳо пешниҳод сохтанд. Мутахассиси бахши ҳавошиносии Тоҷикистон гуфт: алҳол байни хадамот ва марказҳои ҳавошиносии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ ҳамкорӣ дар бахши иртиботи иттилоотӣ вуҷуд дорад. Бояд тазаккур дод, ки Муассисаи давлатии ҳавошиносии Тоҷикистон 86 сол муқаддам-дар соли 1926 таъсис ёфта, алҳол 52 шабакаи пешгўии боду ҳаво дар минтақаҳои гуногуни кишварамон, аз ҷумла дар қуллаи Шевченко шабакаи автоматӣ фаъолият дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






