Ҳамоиши таҷрибаи ташаббуси шаффофият
Душанбе, 7 июн.(АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). -12 июни соли 2012 бо ибтикори барномаи «Ташаббуси шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ»-и шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва ҳамшарикии Иттифоқи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон «Шаффофият барои рушд» дар Маркази тиҷоратии «Вафо»-и шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳамоиши таҷрибаи ташаббуси шаффофият ва ҳисоботдиҳии соҳаҳои истихроҷи Тоҷикистон» баргузор мегардад. Дар мизи мудаввар намояндаҳои сохторҳои давлатӣ, саноати истихроҷ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок мекунанд. Дар чорабинӣ таҷрибаи ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷи Озарбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон ва имконияти роҳандозии он дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ин ташкилот барои беҳтар кардани шароити сармоягузорӣ таъсири мусбат дошта, обрӯи кишварро чун ҷонибдори шаффофият ва масъули гирифтани даромад ва харҷи самараноки он боло бурда, воридоти сармоягузории хориҷиро афзун мегардонад, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд ва барои табақаҳои муайяни аҳолӣ сарчашмаҳои нави даромад ба вуҷуд меоянд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






