Ҳамоиши таҷрибаи ташаббуси шаффофият

Июнь 8, 2012 13:39

Душанбе, 7 июн.(АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). -12 июни соли 2012 бо ибтикори барномаи «Ташаббуси шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ»-и шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва ҳамшарикии Иттифоқи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон «Шаффофият барои рушд» дар Маркази тиҷоратии «Вафо»-и шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳамоиши таҷрибаи ташаббуси шаффофият ва ҳисоботдиҳии соҳаҳои истихроҷи Тоҷикистон» баргузор мегардад. Дар мизи мудаввар намояндаҳои сохторҳои давлатӣ, саноати истихроҷ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок мекунанд. Дар чорабинӣ таҷрибаи ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷи Озарбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон ва имконияти роҳандозии он дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад.  Ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ин ташкилот барои беҳтар кардани шароити сармоягузорӣ таъсири мусбат дошта, обрӯи кишварро чун ҷонибдори шаффофият ва масъули гирифтани даромад ва харҷи самараноки он боло бурда, воридоти сармоягузории хориҷиро афзун мегардонад, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд ва барои табақаҳои муайяни аҳолӣ сарчашмаҳои нави даромад ба вуҷуд меоянд.

Июнь 8, 2012 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад