Ҷаласаи навбатии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои СҲШ
Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Имрӯз, 6 июн, ҷаласаи даҳуми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар кори ҷаласа прокурорҳои генералии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин ва муовинони прокурорҳои генералии Русия ва Ӯзбекистон, ҳамчунин намояндагони Котибот ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуданд. Дар ҷаласа масъалаҳои мақоми идораҳои прокуратура дар амри муқовимат ба коррупсия ва ҷилавгирии манбаъҳои терроризму ифротталабӣ дар давлатҳои аъзои СҲШ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Иштирокдорони ҷаласа аз рӯи натиҷаҳои он омодагии худро ба таҳким бахшидани ҳамкории амалии байни прокурорҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар муборизаи зидди коррупсия, терроризм, ифротталабӣ ва ҷудоихоҳӣ тасдиқ намуда, зарурати саъю кӯшишҳои якҷоя ва рушди ҳамкории ҳамаҷонибаро бори дигар таъкид намуданд.Ҷаласаи навбатии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай соли 2013 дар Қирғизистон баргузор мешавад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






