Ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматӣ
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Имрӯз, 4 июн, дар шаҳри Минск ҷаласаи ХХХШ Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмонии давлатҳои аъзои ИДМ ба кораш шурӯъ намуд. Тавре ки аз Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Тоҷикистонро дар ҷаласа директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ Абдувалӣ Комилов, сардори Раёсати шаҳрсозии Агентии сохтмон ва меъмории Ҳукумати ҶТ Баҳром Иззатов ва директори Институтси лоиҳакашии «Шаҳрофар» Бахтиёр Ишамов намояндагӣ мекунанд.Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои рушди саноати масолеҳи сохтмонӣ ва индустрияи бинокорӣ, такмили заминаи меъмории бахши сохтмони иншоотҳои ба зилзила тобовар бо назардошти таҷрибаи тарҳрезии биною иншоотҳо дар минтақаҳои зилзилавии кишварҳои аъзои ИДМ, сарфаи энергия ва истифодаи манбаҳои ғайрианъанавии энергия дар сохтмон, муносиб кардани системаи танзимӣ дар сохтмон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯро ҳамчунин масъалаҳои мутобиқ намудани фаъолияти Шӯро ба Муқаррароти умумӣ дар бораи мақомоти ҳамкории соҳавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ ва ҳисобот дар бораи кори Котиботи Шӯро ва фаъолияти комиссияҳо шунида мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






