Ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои ИДМ
Душанбе, 13 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Имрӯз, 13 июн, дар шаҳри Троитски вилояти Маскав иҷлосияи Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои аъзои ИДМ ба кораш шурӯъ намуд. Мувофиқи хабари Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ, Тоҷикистонро дар ҷаласа сардори Хадамоти муҳоҷирати ҶТ Сафиалло Девонаев намояндагӣ мекунад.Иштирокдорони ҷаласа вазъи муҳоҷират дар кишварҳои ИДМ – ро мавриди муҳокима қарор дода, натиҷаи татбиқи Барномаи ҳамкорӣ ҷиҳати ҷилавгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои солҳои 2009 – 2011 – ро ҷамъбаст намуда, таҷрибаи кори Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия бобати додани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатиро баррасӣ мекунанд. Баррасии ҷараёни кор бобати ташкили низоми ягонаи ба ҳисобгирии шаҳрвандони кишварҳои сеюм ва шахсони бетабаае, ки ба қаламрави давлатҳои аъзои Иттиҳод мераванд, низ дар назар аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






