Ҷамъомад дар мактаб — интернат
Хоруғ, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар мактаб – интернати вилоятии ноҳияи Рӯшон бо иштироки дастпарварону наврасони дигар макотиби ноҳия чорабинии хотирмон доир гардид. Бо ибтикори ташкилоти башардӯстонаи Ҳилоли Аҳмар дар ин ҷо таҳти унвони «Имдод ва кӯмаки дирӯзаю имрӯзаи мо танҳо ба хотири фардои неки шумост», ҷамъомад ороста шуд. Дар маросими ҷамъомад намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, омӯзгорону намояндагони муассисаҳои гуногун ширкат доштанд. Нотиқон перомуни мақсаду мароми наҷибонаи ин ташкилоти мададрасон, дастгирии доимии ниёзмандон ва хусусан наврасони эҳтиёҷманд ибрози назар карда, зикр намуданд, ки ҳамасола дар робита бо ин масъала дар ноҳияи таҳти унвони «Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад» чорабиниҳои мухталиф роҳандозӣ мешаванд. Дар фарҷоми ҷамъомад ба тарбиягирандагони интернат имдоди ғизоӣ расонида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






