Ҷавонон созандагони фардои Тоҷикистонанд

Июнь 8, 2012 17:21

Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 15-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ташаккули эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз созандагӣ ва бунёдкорӣ миёни ҷавонон силсилаи чорабиниҳоро доир менамояд.  Аз ҷумла, барои баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ, худогоҳии миллӣ гузаронидани семинару мизҳои мудаввар дар қисмҳои низомӣ ва муассисаҳои таълимӣ, ташкили барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони ҷавон, созмондиҳии Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зери унвони «Ҷавонон- созандагони фардои Тоҷикистон», баргузории озмунҳои телевизионӣ миёни донишҷӯён бахшида ба 15-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, баргузории чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, мусобиқаи тирандозӣ дар шаҳри Хуҷанд, мусобиқаҳои кишварии тенниси рӯи миз байни наврасон дар шаҳри Душанбе ва гӯштини миллӣ дар варзишгоҳи марказии пойтахт дар назар аст. Дар ин бора Ҷамолиддин Нуров, мудири бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Июнь 8, 2012 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!