Ҷилавгирӣ аз фурўши нўшокиҳои ғайристандартӣ
Душанбе, 19 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Омодагии пойтахт ба таҷлили 15-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ 19 июн дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳузури намояндагони сохторҳои марбутаи пойтахт доир гардид, баррасӣ шуд. Дар робита раиси шаҳр бобати дар сатҳи баланд ва сазовор таҷлил намудани ин санаи сарнавиштсоз ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаи таъмини амнияти истеъмолии сокинони пойтахт дар фасли тобистон матраҳ гардид. Зикр шуд, ки бо зиёд будани талаботи сокинон ба нўшокиҳои ташнашикан дар фасли гармо бояд ба сиҳатии омма диққати махсус дода шавад. Раиси шаҳр ба масъулин супориш дод, ки барои пешгирӣ аз фурўши нўшокиҳои гуногуни ташнашикан, ки ҷавобгўи меъёрҳои сифат ва стандартӣ набуда, дар нуқтаҳои хўроки умумии шаҳр, боғу мавзеҳои истироҳатӣ ба фурўш гузошта мешаванд, чораҳои заруриро тақвият бахшанд. Ҳамзамон ба сохторҳои марбута дастур дода шуд, ки барои саривақт баровардани партовҳои маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо аз тарафи сохторҳои ноҳиявӣ зери назорати қатъӣ гирифта шавад. Тибқи иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе, дар ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои дигари марбут ба дурнамои рушди соҳаҳои мухталифи пойтахт баррасӣ гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






