Ҷоизаҳои АБ ИДМ ба парламентарҳои тоҷик
Душанбе, 11 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров 11 июн дар фарҷоми ҷаласаи Шўрои Маҷлиси намояндагон ба вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар Махфират Хидирова, Галия Рабиева, Саодат Амиршоева ва Сафаралӣ Гулов Ифтихорномаи фахрии Ассамблеяи Байнипарлумонии /АБ/ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/-ро супорид. Мавриди зикр аст, ки бо Ифтихорномаи ин ниҳоди бонуфузи парлумонӣ парламентарҳо ва вакилоне сарфароз мегарданд, ки онҳо дар рушди парламентаризм, тавсеаи робитаҳои байнипарлумонии ИДМ нақши босазо гузоштаанд. Ҳамзамон Шукурҷон Зуҳуров ба Ҳамрохон Расулов, роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Толибҷон Раззоқов, мудири шўъбаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва протоколии дастгоҳи Маҷлиси намояндагон медали ҷашнии «20 – солагии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил»-ро тақдим намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






