Ҷопон рушди маорифи ВМКБ – ро дастгирӣ мекунад
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Лоиҳаи барқарор намудани мактаби рақами 11 деҳаи Шаймаки ҷамоати Тӯхтамиши ноҳияи Мурғоб дар амал татбиқ гардид. Маблағи умумии сохтмони мактаб, ки онро ҳукумати Ҷопон ба таври ройгон додааст, 85 ҳазору 792 доллари ИМА – ро ташкил дод.Тавре ки аз Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маросими ифтитоҳи бинои нави мактаб 9 июн баргузор гардида, дар он сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хироюки Имахаши, раиси ВМКБ Қодири Қосим ва шахсони дигари расмӣ иштирок менамоянд.Деҳаи Шаймаки ҷамоати Тӯхтамиш, ки дорои 730 нафар аҳолӣ мебошад, дар наздикии сарҳади Тоҷикистону Чин ва Тоҷикистону Афғонистон воқеъ аст. Қобили зикр аст, ки дар ин мактаб қариб 120 шогирд таҳсил намуда, нисфи онҳо шабро дар хобгоҳи воқеъ дар шафати мактаб рӯз мекунанд. Сабаб он аст, ки аҳолии ин деҳа ба чорводорӣ машғул буда, волидайни хонандагон бегоҳӣ аз чарогоҳҳо ба хонаҳояшон сари вақт баргашта наметавонанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






