15 – умин солгарди Рӯзи ваҳдат ва мусолиҳаи миллӣ

Июнь 25, 2012 16:03

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 27 июн дар Тоҷикистон 15 – солагии Рӯзи ваҳдат ва мусолиҳаи миллӣ таҷлил мегардад. Дар робита бо ин иди асосии миллӣ 27 июн расман рӯзи истироҳат эълон шудааст. Азбаски 27 июн ба рӯзи корӣ рост меояд, мувофиқи Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид дар Тоҷикистон» ба рӯзи дигар гузаронида намешавад. Бинобар ин, сокинони Тоҷикистон як рӯз, 27 июн, истироҳат карда, 28 июн ба кор мебарояд. Дар ин бора мудири шӯъбаи ҳуқуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзиев хабар дод. Қобили зикр аст, ки соли 1997 дар ин рӯз дар шаҳри Маскав Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин Саид Абдуллои Нурӣ дар ҳузури аввалин Президенти Федератсияи Русия Борис Елсин Созишнома «Дар бораи принсипҳои барқарор намудани сулҳу ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» — ро имзо намуданд. Созишнома ба ҷанги шаҳрванди, ки боиси ҳалокати беш аз 100 ҳазор нафар одамон гардид, хотима бахшид. Дар ин рӯз дар ҳама ҷойи кишвар чорабиниҳои идона роҳандозӣ шуда, консертҳо ва ярмаркаю фестивалҳо баргузор мешаванд.

Июнь 25, 2012 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд