23 июн. Рӯзи байналмилалии Олимпӣ

Июнь 22, 2012 17:39

Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова).- Ҳамасола дар саросари ҷаҳон 23 июн ҳамчун рӯзи байналмилалии Олимпӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар робита бо ин сана, бо ташаббуси Кумитаи Милли-олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баргузор намудани чорабиниҳои мухталифи варзишӣ пешбинӣ шудааст.Дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат мусобиқаҳои варзишӣ баргузор карда мешавад. Ҳамзамон дар «Кохи Ҷомӣ» Кумита дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Фестивали варзишӣ доир менамояд. Бо назардошти он ки соли ҷорӣ бозиҳои 15-уми олимпӣ дар шаҳри Лондон баргузор мегардад, чорабиниҳои пешбинигардида бахшида ба Рӯзи олимпӣ шакли хоссаро мегирад. Макони баргузории чорабиниҳо майдону толорҳои Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва Варзишгоҳи марказӣ муайян шудаанд.

Июнь 22, 2012 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд