4 варзишгари «Динамо»- соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012

Июнь 1, 2012 16:47

Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии роҳбарияти вазорат бо варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Мавзуна Чориева, Парвиз Собиров ва Анвар Юнусов, ки ба олимпиадаи тобистонаи Лондон-2012 роҳхат гирифтаанд, баргузор гардид.  Муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидхон Ҷӯрахонов изҳори қаноатмандӣ намуд ,ки аз Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД чанд нафар ба олимпиадаи тобистонаи Лондон-2012 роҳхат гирифтаанд. Муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Шералӣ Сабзов ба варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Мавзуна Чориева, Парвиз Собиров ва Анвар Юнусов Сипоснома, рутбаҳои махсуси навбатӣ ва тӯҳфаҳои хотиравиро супорид. Бояд қайд кард, ки варзишгари дигари Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» Алишер Гулов низ роҳхат ба олимпиадаи тобистонаи Лондон-2012-ро ба даст оварда, дар айни замон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Корея қарор дорад. Ӯ низ бо Сипосномаи вазири корҳои дохилӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардид. Ҳар сол даҳҳо нафар варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд ва соли 2011 онҳо соҳиби 307 медал, аз чумла 92 медали тилло, 88 медали нуқра ва 127 медали биринҷӣ гаштаанд.

Июнь 1, 2012 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд