515,2 миллион сомонӣ барои рушди соҳаи иҷтимоӣ
Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тайи 5 моҳи соли равон барои рушди соҳаи иҷтимоии Тоҷикистон 515 миллиону 200 ҳазор сомонӣ сарф шуд, ки 44,1 дар сади ҳаҷми умумии маблағгузории асосии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар давоми моҳҳои январ – майи соли ҷорӣ масоҳати умумии 148 ҳазору 300 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки нисбат ба давраи дахлдори соли гузашта 97,4 фоизро ташкил медиҳад. Назар ба маълумоти оморӣ, дар вилоятҳои Хатлону Суғд таносубан 82 ҳазору 500 метри мураббаъ ва 48 ҳазору 500 метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ сохта шудаанд. Сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар ҷумҳурӣ асосан аз ҷониби ниҳодҳои бахши ғайридавлатӣ сурат гирифта ва ҳиссаи зиёди онро маблағҳои аҳолӣ ташкил медиҳад. Дар ин давра бо истифода аз маблағҳои аҳолӣ баробари масоҳати умумии 132 ҳазору 700 метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ сохта шудаанд, ки ин 89,5 фоизи ҳаҷми умумии биноҳои истиқоматии мавриди истифода қароргирифтаро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






