Афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ
Шаҳраки Сомониён, 4 июн.(АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Кишоварзони ноҳияи Рӯдакӣ то ин дам 150 тонна маҳсулоти барвақтӣ, аз ҷумла 63 тонна помидор, 24 тонна бодиринг истеҳсол намуда, дар пурнозу неъмат гардидани дастурхони аҳолии шаҳри Душанбе саҳм мегузоранд. Деҳқонони ноҳияи мазкур соли ҷорӣ дар масоҳати 320 гектар картошка кишт намуданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 82 гектар зиёд аст. Тибқи иттилои муовини сардори раёсати кишоварзии ноҳия Абдуқодир Қурбонов нашъунамои картошка хуб буда, деҳқонон рӯзҳои наздик ба ҷамъоварии он шурӯъ менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






