Алан Дзагоев беҳтарин бозингар
Душанбе, 13 июн. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Сомонаи маъруфи Goal.com нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Русия Алан Дзагоевро беҳтарин футболбози ҳафта эълон кардааст. Дар он гуфта мешавад, ки Дзагоев яке аз бозингарони ҷавонест, ки метавонад беҳтарин бозингари ЕВРО -2012 гардад. Алан Дзагоев дар вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Чехия ба дарвозаи ҳариф ду гол ва ба дарвозаи дастаи мунтахаби Лаҳистон як гол задааст. Ғайр аз Дзагоев дар рӯйхати беҳтарин бозингарон Микаел Крон-Делӣ аз дастаи Дания, Марио Манҷукичи хорват, Димитрис Салпигидиси юнонӣ, Леонел Мессии аргентинагӣ, ки ба дарвозаи Бразилия се гол задааст ва Кейсуке Ҳондаи ҷопонӣ бо ҳамин миқдори голҳо, ки ба дарвозаи дастаи мунтахаби Урдун задааст, шомил шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






