Алиспахич дастаи мунтахаби ҷавононро ба урдугоҳи дуввум мебарад
Душанбе, 1 июн. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар Камол Алиспахич урдугоҳи дастаи мунтахаби ҷавонони мамлакатро дар Душанбе созмон дод. Футболбозон ҳамарӯза дар ду баст ба тамрин фаро гирифта шудаанд. Бозиҳои интихобии наврасони Осиё дар гурӯҳи «С», ки аз 23-юми июн то 3 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор мешавад, дастаҳои мунтахаби Баҳрайн, Эрон, Кувайт, Қатар ва Малдивро ба ҳам меорад. Ин навбат ба урдугоҳ 33 бозингар аз 11 клуби Лигаи олии чемпионати ҷумҳурӣ гирд оварда шудаанд. Намояндаи аз ҳама бештар аз дастаи «Вахш» (8) аст. Машқҳо то 5 июн идома меёбанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






