«Алмос» ба Тоҷикистон техника меорад

Июнь 12, 2012 15:51

Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо мақсади рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи техникаи кишоварзӣ дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии як гурӯҳ мутахассисони вазорат таҳти роҳбарии вазири кишоварзӣ Қ.Қосимов бо гурӯҳи намояндагони Федератсияи Русия таҳти роҳбарии директори генералии ООО «Агрофирма КР и ММ» Г.А.Рязанов доир гардид. Дар вохӯрӣ вазири кишоварзӣ Қ.Қосимов натиҷаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар кори ворид намудани техникаи кишоварзӣ ва таъмини тухмиҳои хушсифати картошка аз Федератсияи Русия изҳори қаноатмандӣ намудСипас роҳбари ҳайати гурӯҳи кори Русия Г.А.Рязанов рушди ҳамкориҳоро мусбат арзёбӣ намуда, қайд кард, ки Русия дар оянда низ ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам мустаҳкам менамояд. Соли ҷорӣ бо ин мақсад барои кишти тирамоҳӣ аз Федератсияи Русия 3 тонна тухмии картошка ва барои кишти баҳории соли оянда навъҳои гуногуни тухмии картошка ба Тоҷикистон ворид карда мешавад. Ҳамзамон директори генералии ширкати савдои «Алмос» А.И Попов зикр намуд, ки корхонаи онҳо, ки бештар ба фурӯши қисмҳои эҳтиётии техникаи кишоварзӣ машғул аст, дар оянда ба мушкилиҳои роҳ нигоҳ накарда, омодааст бо Тоҷикистон ҳамкориҳои самарабахшро анҷом диҳад.Директори генералии ЗАО «Колнаг» А.В.Алдошкин қайд намуд, ки баҳри ворид намудани техникаи кишоварзӣ омодааст дар оянда дар Тоҷикистон истгоҳи трактор ва мошиниро таъсис (МТС) намояд. Дар охир вазири кишоварзӣ Қ.Қосимов аз натиҷаи ҳамкориҳо бо мутахассисони Федератсияи Русия изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ҳайати гурӯҳи корӣ барои баргузории як вохӯрии самарабахш изҳори миннатдорӣ намуд.

Июнь 12, 2012 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд