Амали неки «Созандагони Ватан»
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Мадад расонидан ба оилаҳои камбизоат, шахсони бекасу барҷомонда ва маъюбу нотавон аз ҳадафҳои муҳими намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд маҳсуб меёбад ва аъзои ташкилот чунин амалҳоро сармашқи кори худ қарор дода, пайваста пайгирӣ менамоянд. 7 июни соли 2012 20 нафар аъзои ташкилот бо сардории роҳбари он Насим Маликисломов ба хонаи пиронсоли барҷомонда Бобоҷон Бобоҷонов, сокини шаҳри Хуҷанд рафта, ба ӯ мадад расониданд. Мӯйсафеди танҳо зиндагии вазнинро аз сар мегузаронад. Ҷавонон саҳни ҳавлии мӯйсафедро, ки дар ҳолати бад қарор дошт, аз алафҳои бегона тоза намуда, инчунин дар дигар корҳои хона ба ӯ кӯмак расониданд. Ҳамчунин ба мӯйсафед аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» кӯмаки молиявӣ расонида шуд ва барои ӯ дорувориҳои лозимӣ дастрас гардид. Тавре ки Адҳам Мирсаидов — раиси «Созандагони Ватан» зикр намуд, аъзои ташкилот минбаъд низ ният доранд чунин корҳои хайрро бештар ба иҷро расонанд ва ба хонаи оилаҳои камбизоат, маъюб ва бекасу барҷомонда рафта, ёрӣ кунанд. Аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» мегӯянд: Ватан аз гаҳвора, аз хона, деҳу маҳалла оғоз мешавад, аз ин рӯ мо ободию созандагиро аз хонаҳои мардуми Ватан оғоз намудем. Ҳамин тавр, саросари Ватанамонро ободу зебо ва мардумонашро хушнуду сарфароз хоҳем кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






