Амали неки «Созандагони Ватан»

Июнь 8, 2012 17:18

Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Мадад расонидан ба оилаҳои камбизоат, шахсони бекасу барҷомонда ва маъюбу нотавон аз ҳадафҳои муҳими намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд маҳсуб меёбад ва аъзои ташкилот чунин амалҳоро сармашқи кори худ қарор дода, пайваста пайгирӣ менамоянд.  7 июни соли 2012 20 нафар аъзои ташкилот бо сардории роҳбари он Насим Маликисломов ба хонаи пиронсоли барҷомонда Бобоҷон Бобоҷонов, сокини шаҳри Хуҷанд рафта, ба ӯ мадад расониданд. Мӯйсафеди танҳо зиндагии вазнинро аз сар мегузаронад. Ҷавонон саҳни ҳавлии мӯйсафедро, ки дар ҳолати бад қарор дошт, аз алафҳои бегона тоза намуда, инчунин дар дигар корҳои хона ба ӯ кӯмак расониданд.  Ҳамчунин ба мӯйсафед аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» кӯмаки молиявӣ расонида шуд ва барои ӯ дорувориҳои лозимӣ дастрас гардид. Тавре ки Адҳам Мирсаидов — раиси «Созандагони Ватан» зикр намуд, аъзои ташкилот минбаъд низ ният доранд чунин корҳои хайрро бештар ба иҷро расонанд ва ба хонаи оилаҳои камбизоат, маъюб ва бекасу барҷомонда рафта, ёрӣ кунанд. Аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» мегӯянд: Ватан аз гаҳвора, аз хона, деҳу маҳалла оғоз мешавад, аз ин рӯ мо ободию созандагиро аз хонаҳои мардуми Ватан оғоз намудем. Ҳамин тавр, саросари Ватанамонро ободу зебо ва мардумонашро хушнуду сарфароз хоҳем кард.

Июнь 8, 2012 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд