АНМН 13 — сола шуд

Июнь 4, 2012 14:30

Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 13 — солагии Рӯзи таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ (АНМН) бо иштироки муовини Дабири кулли СММ, директори иҷроияи раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов маҷлиси ботантана баргузор гардид.Директори АНМН Рустам Назаров зикр намуд, ки кормандони агентӣ барои ҷилавгирии қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон кори зиёдеро анҷом дода, қочоқгаронро дастгир мекунанд, фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткорро фош менамоянд, бобати тарғиби тарзи солими зиндагӣ, дар ниҳоди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул додани муносибати манфӣ нисбат ба нашъамандӣ ва таҳким бахшидани тансиҳатии ҷисмонию маънавӣ кори фоидабахшро иҷро мекунанд. Рустам Назаров ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ, ҳамчунин ба созмонҳои байналмилалӣ барои мададашон дар муборизаи зидди маводи нашъаовар изҳори миннатдорӣ намуд. Агентӣ тайи 13 соли фаъолияташ қариб 12 тонна маводи нашъаоварро аз гардиши ғайриқонунӣ баровардааст.Дар ин рӯзи ботантана кормандони ҷавони агентӣ қасами садоқат ба Ватан ва Конститутсия ёд карданд. Ҳамчунин кормандони болаёқату шоистаи агентӣ бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадр карда шуданд.Хотирнишон месозем, ки 27 апрели соли 1999 дар шаҳри Вена байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Протокол дар бораи ташкили Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 1 июни соли 1999 Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буд.

Июнь 4, 2012 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст