Аввалин пирӯзии «Гвардия» дар мавсими ҷорӣ
Душанбе, 4 июн. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар даври 9-уми бозиҳо дар Лигаи олии чемпионати мамлакат дастаи «Гвардия»-и Душанбе дар майдони худ «Ҳосилот» -ро бо натиҷаи 4 бар 2 шикаст дод. Ин аввалин ғалабаи даста дар соли равон аст. Аз ин пеш «Гвардия» дар 8 вохӯрӣ талхии бохтро чашида буд.Пешсафи мусобиқот «Регар- ТадАЗ» дар Турсунзода футболбозони «Истаравшан»-ро бо ҳисоби қотеи 5 бар 1 мағлуб кард. «Хуҷанд» низ дастаи «Зарафшон»-ро бо натиҷаи 5 бар 2 паси сар гузошт. Ҳамин тавр, шумораи холҳои пешсаф ба 22 адад расид. «Равшан»-и Кӯлоб бо 21 хол дар зинаи дуввум аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






