Аъзои палатаи болоӣ сабти ном мешаванд
Душанбе, 8 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-14 июни соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи нўҳуми палатаи болоии парлумони мамлакат даъвати чорум баргузор мегардад. Тавре ки аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аъзои палатаи болоии парлумони мамлакат рўзҳои 12 ва 13 июни соли равон аз соати 8.00 то 17.00 дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд. Аъзои Маҷлиси миллӣ имкон доранд бо телефонҳои 10-42, 22-24, 221-81-28 ва 221-98-35 дар тамос бошанд. Интизор меравад, ки аъзои палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ», «Дар бораи амнияти нақлиётӣ», «Дар бораи ангишт» ва масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима ва ҷонибдорӣ хоҳанд кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






