Б. Худоёров –раиси Кумитаи ММ МО ҶТ

Июнь 15, 2012 15:38

Душанбе, 15 июн.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Собиқ вазири адлия, Бахтиёр Худоёров, ки алҳол Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарӣ менамояд ва 9 июн зимни баргузории интихоботи узви Маҷлиси миллӣ дар ҳавзаи интихоботии №4 Душанбе узви палатаи болоии парлумони мамлакат интихоб гардида буд, дар иҷлосияи нўҳуми Маҷлиси миллӣ бо қарори палатаи болоии парлумон раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб гардид. Қаблан ин Кумитаро Мамадшо Илолов раисӣ мекард. М. Илолов аз раисии Кумитаи мазкур бозхонд гардида, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ интихоб гардид. Иброҳим Абдуллоев бошад муовини М. Илолов интихоб шуд. Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон-Маҷлиси миллӣ 33 аъзо дошта, 25 аъзои он аз ҷониби вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ интихоб гардида, 8 аъзои дигар бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ узви Маҷлиси миллӣ таъин мешаванд. Собиқ Президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов узви доимии Маҷлиси миллӣ мебошад. Шахсе, ки дорои маълумоти олист ва синнаш ба 35 даромадааст, узви Маҷлиси миллӣ шуда метавонад.

Июнь 15, 2012 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд