Ба ҳар сар аҳолӣ 17 млн. доллар дору

Июнь 11, 2012 12:00

Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба қавли вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов, дар асоси тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи воситаҳои доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи маълумот дар бораи воситаҳои доруворӣ, ки дар кишвари мо аз қайди давлатӣ мегузаранд, кафолат медиҳад. Вазир ҳамчунин ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун изҳор доштааст, ки феълан дар Тоҷикистон 3 ҳазору 224 номгӯй воситаҳои доруворӣ аз қайди мақомоти дахлдори давлатӣ гузаштаанд, ки 74 номгӯи он ба истеҳсолкунандагони ватанӣ мансубанд.
Ба иттилои манбаъ, агар дар соли 2000-ум аз хориҷи кишвар ба маблағи 4,9 млн. доллари амрикоӣ воситаҳои доруворӣ ворид шуда бошад, дар соли 2011 ба маблағи беш аз 120 млн. доллар доруворӣ ворид шудааст. Вазир ҳамчунин изҳор доштааст, ки мақомоти дахлдори давлатӣ мунтазам аз болои дорувории тиббии ба ҷумҳурӣ воридшаванда назорат мебаранд.Танҳо дар соли 2011 дар ҷумҳурӣ беш аз 41 тонна воситаҳои дорувории пастсифати мӯҳлати истифодаашон гузашта мусодира ва нобуд шуданд.Пас саволе ба миён меояд, ки дар сурати аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ мунтазам назорат кардани доруи воридшаванда 41 тонна воситаи дорувории пастсифат чӣ гуна ба ҷумҳурӣ ворид шудааст? Инчунин масъалаи доруи воридшудаи соли 2011 (ба маблағи 120 млн. доллар), ки ба ҳар сар аҳолии кишвар 17 млн. доллар рост меояд, чӣ миқдори он ройгон ба беморхонаҳо интиқол ёфтааст ва чӣ миқдори он истифода мешавад, шарҳи иловагӣ мехоҳад.

Июнь 11, 2012 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд