«Баҳори донишҷӯёни ИДМ дар Кавказ»
Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Тибқи нақшаи кори Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ бо даъвати вазорати варзиш, туризм ва сиёсати ҷавонони Федератсияи Русия аз 15 то 20 июни соли равон дар кишвари Кабардина-Балқар баргузории Фестивали байналмилалӣ таҳти унвони «Баҳори донишҷӯёни ИДМ дар Кавказ» ба нақша гирифта шудааст. Ҷониби Тоҷикистонро дар чорабинӣ 10 нафар донишҷӯёни фаъол бо роҳбарии сардори раёсати ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- Носир Бӯриев намояндагӣ карда, симои ҷавонон ва фарҳанги кишварро муаррифӣ хоҳанд кард.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






