Ба ҷойи героин метадон

Июнь 29, 2012 09:11

Душанбе, 29 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба андешаи коршиноси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) Мартин Доногю, бемории вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ- СПИД) ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ назар ба минтақаҳои дигари Осиё қариб як даҳсола дертар асари худро гузошт. Бо вуҷуди он, бо сабаби расидагӣ накардани ҳукуматҳои маҳаллӣ ва вазорату муассисаҳои тандурустӣ он зуд густариш ёфт ва даҳҳо ҳазор одамон сироят шуданд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҷиддӣ будани вазъро ошкор намуда, барои пешгирии хатари бештари ин беморӣ барномаҳои табобатиро роҳандозӣ намуд.Тибқи маълумоти оморӣ, то имрӯз дар қайди Маркази наркологии Тоҷикистон 7 ҳазору 254 нафар ашхоси бемори ба нашъамандӣ гирифтор ба қайд гирфта шудааст, ки 2 ҳазору 314 нафари онҳоро ҷавонони аз 18 то 34 сола ташкил медиҳанд.Муассисаҳои имдоди Созмони Милали Муттаҳид тавсия медиҳанд, ки табобати ашхоси гирифтори бемории нашъамандӣ тавассути иваз намудаи героин ба навъҳои камтаъсири афюн, аз ҷумла метадон ва табобати ретровирусии онҳо тағйир дода шавад.Ба иттилои манбаъ, дар ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ (ба истиснои Ҷумҳурии Туркманистон) 60 фоизи бемории норасоии масунияти бадан тавассути сузандору сироят мешавад, аз ин рӯ бо тавсияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ усули табобати беморӣ танҳо тавассути ивази намудани маводи сахттаъсири героин ба доруи таъсираш камтари метадон ба мақсад мувофиқ дониста шудаастаст.

Июнь 29, 2012 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад