Ба намоиш гузоштани дастовардҳои экологӣ

Июнь 4, 2012 11:56

Душанбе, 4 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Фардо, 5 июн дар саросари ҷаҳон Рўзи байналмилалии муҳити зист таҷлил мешавад.  «Маркази асосии таҷлили Рўзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист дар пойтахт Боғи фарҳангу фароғатии «Дўстии халқҳо» буда, дар ин ҷо баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ бо иштироки тарбиятгирандагони кўдакистонҳо, толибилмон, донишҷўён, кормандони идораю муассиса ва соири созмонҳои ҷамъиятӣ ба нақша гирифта шудааст», гуфт дар сўҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдусалим Ҷўраев, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти пойтахт. Мавсуф афзуд, ки дар ин рўз дар саҳни Боғи «Дўстии халқҳо» дастовардҳои экологии пойтахт тавассути тасвиру навиштаҷот, китобу адабиёти гуногун ба маърази тамошо гузошта мешавад. Ҳамзамон дар як гўшаи боғ барои бачаҳо озмуни расмкашӣ дар болои қир ташкил шуда, як силсила озмунҳои марбут ба экология ва табиатдўстдорӣ ҷамъбаст ва ғолибон бо тўҳфаҳо қадрдонӣ мегарданд. Инчунин баргузории барномаҳои ҷолиби идонаи мусиқӣ ба базмгаҳ шукўҳи тоза зам хоҳад кард. Мавриди зикр аст, ки 40 сол муқаддам, аниқтараш 16 декабри соли 1972 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 27-уми худ қарор қабул кард, ки тибқи он ҳамасола 5 июн Рўзи байналмилалии муҳити зист таҷлил мешавад. «Дар кишвари мо аз соли 1994 ин сана ҳамасола ҷашн гирифта шуда, тўли ду соли охир Рўзи байналмилалии муҳити зист дар пойтахт бо қарори махсуси раиси шаҳри Душанбе истиқбол мешавад»,- мегўяд сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти пойтахт А. Ҷўраев.

Июнь 4, 2012 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад