Ба намоиш гузоштани дастовардҳои экологӣ
Душанбе, 4 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Фардо, 5 июн дар саросари ҷаҳон Рўзи байналмилалии муҳити зист таҷлил мешавад. «Маркази асосии таҷлили Рўзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист дар пойтахт Боғи фарҳангу фароғатии «Дўстии халқҳо» буда, дар ин ҷо баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ бо иштироки тарбиятгирандагони кўдакистонҳо, толибилмон, донишҷўён, кормандони идораю муассиса ва соири созмонҳои ҷамъиятӣ ба нақша гирифта шудааст», гуфт дар сўҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдусалим Ҷўраев, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти пойтахт. Мавсуф афзуд, ки дар ин рўз дар саҳни Боғи «Дўстии халқҳо» дастовардҳои экологии пойтахт тавассути тасвиру навиштаҷот, китобу адабиёти гуногун ба маърази тамошо гузошта мешавад. Ҳамзамон дар як гўшаи боғ барои бачаҳо озмуни расмкашӣ дар болои қир ташкил шуда, як силсила озмунҳои марбут ба экология ва табиатдўстдорӣ ҷамъбаст ва ғолибон бо тўҳфаҳо қадрдонӣ мегарданд. Инчунин баргузории барномаҳои ҷолиби идонаи мусиқӣ ба базмгаҳ шукўҳи тоза зам хоҳад кард. Мавриди зикр аст, ки 40 сол муқаддам, аниқтараш 16 декабри соли 1972 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 27-уми худ қарор қабул кард, ки тибқи он ҳамасола 5 июн Рўзи байналмилалии муҳити зист таҷлил мешавад. «Дар кишвари мо аз соли 1994 ин сана ҳамасола ҷашн гирифта шуда, тўли ду соли охир Рўзи байналмилалии муҳити зист дар пойтахт бо қарори махсуси раиси шаҳри Душанбе истиқбол мешавад»,- мегўяд сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти пойтахт А. Ҷўраев.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






