Бахшида ба иҷлосияи 16 — ум
Хоруғ, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Бахшида ба 20 – умин солгарди Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар даҳлези Кохи ҷавонон намоиши маҳсулоти ҳунарҳои дастии сокинони вилоят баргузор гардид. Маҳсулоти ҳунармандон дар даврони истиқлолияти кишвар рушд ёфта, на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он ҳам ҳаводорони зиёдеро пайдо намудааст. Тоқӣ ва ҷӯробҳои помирӣ низ имрӯз дар байни бошандагони манотиқи дигари кишвар ва хориҷиён ҳам шӯҳрат доранд.Наврасону ҷавонон ҳунарҳоеро, ки солҳои тӯлонӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, дар шакли муосир ва боз ҳам зеботар ба муштариён пешкаш мекунанд. Даврони истиқлолият имкон дод, ки мардуми мо дуввумбора рӯ ба рушду густариши ҳунарҳои гузаштагони худ оранд ва барои такмилу таҷдиди он чораҳо андешанд.Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят барои ривоҷу равнақи ҳунарҳои мардумӣ озмуну фестивалҳо баргузор менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






