Бахтиёр Худоёров — узви МММО ҶТ

Июнь 10, 2012 10:04

Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 10 июни соли 2012 дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Комиссия Шермуҳаммад Шоҳиён ҷаласа баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Оид ба натиҷҳои интихобот раиси Комиссия Шермуҳаммад Шоҳиён зикр намуд, ки тибқи талаботи моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сурати пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати аъзои Маҷлиси миллӣ интихоботи нав дар мӯҳлати 3 моҳи баъди қатъ гардидани ваколати онҳо гузаронида мешавад. Мутобиқи модаи 29 қонуни мазкур аъзои Маҷлиси миллӣ аз тарафи мақомоти маҳаллии намояндагӣ интихоб мешаванд. 9 июни соли равон дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4 интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда баргузор гардид. Баъд аз ҳисоб намудани овозҳо аз тарафи комиссияи ҳавзавӣ натиҷаи интихобот ба тариқи зайл муқаррар карда шуд: Худоёров Бахтиёр Таварович, узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе бо гирифтани аксарияти овозҳои вакилони интихобкунанда узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Сипас тибқи талаботи модаи 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ узви интихобгардидаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёров Бахтиёр Таварович ба қайд гирифта, ваколати ӯ тасдиқ карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии КМИР ҶТ Раҳмоналӣ Шералиев иттило дод.

Июнь 10, 2012 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад