Барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Осиф Алӣ Зардорӣ

Июнь 7, 2012 08:19

Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар»).- 6 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: Ҷаноби Олӣ, Бо камоли мамнуният Шуморо бо санаи муборак дар таърихи муосири муносибатҳои байни давлатҳоямон — бистсолагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ сидқан табрику таҳният мегӯям. Пас аз соҳибихтиёр гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои ба ҳам дӯсти мо ба муносибатҳои дипломатии хеш ҳусни оғоз бахшида, ба ташаккули шакли сифатан нави равобити байнидавлатӣ шурӯъ намуданд. Дар давраи мазкур сатҳи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва илму фарҳанг хеле ҳам боло рафта, мутобиқи манфиатҳои аслии ду давлат ва халқҳояшон рӯз аз рӯз вусъат меёбанд. Дар ин раванд муколамаи доимии сиёсӣ, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, нақши хеле муҳим бозидааст. Дар шароити имрӯза кишварҳои мо имкониятҳои фаровони тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди худро доранд. Итминони комил дорам, ки бар асари кӯшишҳои минбаъдаи муштарак равобити гуногунҷанбаи байни кишварҳои мо боз ҳам рушду нумӯъ касб намуда, зина ба зина такомул хоҳанд ёфт. Бо истифода аз фурсати фараҳбахш бо таҷдиди табрикоту шодбошҳо ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комилу пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсту бародари Покистон — саодату хушрӯзӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 7, 2012 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд