Барқияи шодбошии Осиф Алӣ Зардорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон

Июнь 7, 2012 08:23

Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар»).- 6 июн Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: Бародари Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Аз номи Ҳукумати Покистон ва шахсан аз номи худам бо камоли мамнуният ва аз таҳти дил Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро бо бистсолагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ сидқан табрик мегӯям. Аз давраи қадим давлатҳои мо муносибатҳои хуби фарҳангӣ доранд. Шоирону нависандагони мо дар ҳарду давлат машҳуранд. Корҳои шоистаи онҳо мардуми ду давлатро боз ҳам ба ҳам наздиктар месозад. Аз рӯзи барқароршавии муносибтҳои дипломатӣ байни ду давлат аз 6 июни соли 1992 таҳти роҳбарии Шумо муносибатҳои мо дар соҳаҳои гуногун бемайлон тарақӣ карда истодаанд. Maн аз иштироки Шумо дар ифтитоҳи бахши Бонки миллии Покистон дар Душанбе бисёр миннатдор ҳастам. Бонк барои рушди муносибатҳои иқтисодии мо мусоидат хоҳад кард. Умедворам Шуморо дар охири соли ҷорӣ дар Исломобод дар вохӯрии Чорҷониба пазироӣ бикунам. Сафари Шумо ба Покистон боз такони хуб барои рушди бардавоми муносибатҳои мо хоҳад шуд. Бисёр шод аз онам, ки муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва амниятии мо рӯз то рӯз рушд ёфта истодаанд. Бартараф шудани мушкилиҳои раводид мардуми ду кишварро ба ҳам наздик месозад ва туризм ҳам рушд хоҳад кард. Дар ояндаи наздик парвозҳои мустақим дар нақша ҳастанд ва тараққиёти роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан низ дар мадди назар мебошанд. Меҳмондории гарму самимии Шумо, Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми он ҳангоми сафари мо ба мамлакати зебои Шумо ҳамеша дар хотири ман хоҳад монд. Ҳангоми ин сафар якчанд масъалаҳои муҳим барои тараққиёти ояндаи муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шудаанд. Бародари азиз, барои Шумо ва мардуми Тоҷикистон саломатии бардавом, хӯшнудиву пирӯзи ва муваффақият хоҳонем. Ман ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди ғояти эҳтиром ба Шумо бародари мӯҳтарам ғанимат медонам.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 7, 2012 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад