Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин

Июнь 13, 2012 08:58

Душанбе, 13 июн. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бинобар сабаби таҷлили солгарди қабули Эъломия дар бораи Истқлолияти давлатии Федератсияи Русия барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст: Владимир Владимировичи мӯҳтарам,Бинобар сабаби таҷлили солгарди қабули Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии Федератсияи Русия табрикоти сидқию самимии маро қабул фармоед. Тоҷикистон ба сатҳи ба дастомадаи муносибот ва ҳамкориҳои стратегии байни ҳарду кишвар баҳои баланд медиҳад. Изҳори умед мекунам, ки талошҳои муштараки мо ба ҳамкориҳои судманди миёни ҳарду кишвар нерӯи тоза мебахшад. Шуморо бовар мекунонам, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамаи имкониятҳоро барои дар амал татбиқ намудани қарордодҳо дар бораи вусъат ва тақвияти минбаъдаи муносиботи дуҷониба истифода мекунад. Дар ин рӯзи фархунда иҷозат диҳед ба Шумо, Владимир Владимировичи мӯҳтарам, дар татбиқи нақшаҳо ва талошҳои Шумо, ки ба шукуфоии Русия ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ равона гардидаанд, тандурустии комил ва комёбиҳои беназир, ба халқи дӯсти он- сулҳу некӯаҳволиро таманно намоям. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 13, 2012 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад