Барномаҳои театрикунонидашуда дар Ҳамадонӣ
Кӯлоб, 28 июн. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Ҳунармандони шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳамадонӣ дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ чор барномаи театрикунонидашударо ба саҳна гузошта, дар майдончаи варзишӣ, боғи фарҳангӣ ва филармонияи ноҳия намоиш доданд, ки аз ҷониби тамошобинон хеле хуш пазируфта шуданд.Бинобар иттилои мудири шӯъбаи фарҳанги ноҳия Каримҷон Шарифов, барномаи театрикунонидашуда дар мавзӯи «Ватану ватандорӣ», «Фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар», «Риояи танзими расму оин» таҳия гардида, мардумро ба ватандӯстӣ, дӯстию рафоқат ва камхарҷ гузаронидани тӯю маросимҳо ҳидоят менамояд. Мавсуф зикр намуд, ки кормандони шӯъба тасмим гирифтаанд чунин барномаҳои театрикунонидашударо ба кишоварзони ноҳия дар бошишгоҳу ҷойи кориашон низ намоиш диҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






