Барномаи бо об таъмин намудани шаҳрҳо амалӣ мегардад
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 12 номгӯи корҳои барқароркунӣ, ки дар доираи лоиҳаи «Барқарор намудани системаҳои бо об таъмин намудани шаҳрҳои ҷанубии Тоҷикистон» интихоб гардидаанд, муваффақона дар амал татбиқ мешаванд. Ин лоиҳа бо дастгирии мустақими Ҳукумати ҶТ ва сармоягузории Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа амалӣ мегардад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, дар чаҳорчӯбаи лоиҳа шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Данғара фаро гирифта мешаванд, ки Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа барои ин мақсадҳо беш аз 6 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






