Барои дастгир кардани ҷинояткорон кӯмак кунед!

Июнь 12, 2012 15:48

Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – 11 июни соли ҷорӣ шаҳрвандон Файзуллоев С.? сокини кӯчаи Рӯдакӣ, корманди нуқтаи мубодилаи асъор ва Саидов Х., сокини кӯчаи Амиршоев дар мошини тамғаи «toyota Corolla», ҳангоми аз манзили истиқоматиашон баромадан дучори ҳуҷуми роҳзанона гардиданд. Ду нафар шахси номаълуми ниқобпӯш бо яроқи пневматикӣ ба онҳо ҳуҷум намуда, сумкаи варзиширо, ки дар дохилаш 90000 доллар буд, тасарруф намуда, бо мошини тамғаи «toyota Mark» ба самти маҳаллаи Зарафшон раҳсипор мешаванд. Онҳо дар роҳ аз яроқи пневматикӣ тир кушода, мошини мазкурро назди бинои 29, воқеъ дар маҳаллаи номбурда мепартоянд ва баъдан бо зӯрӣ мошини тамғаи «Nexia»-и шаҳрванд А. Мустафоро аз худ мекунанд ва дар он савор шуда, ба самти ноҳияи Ҳисор ғайб мезананд. Ҳамон рӯз соатҳои 16-10 мошини мазкур дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ёфт гардид.Ҳамчунин худи ҳамон рӯз тахминан соатҳои 15.00 дар километри 40-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд, дар мавзеи Ҳушёрӣ шахсони номаълум бо роҳи зӯроварӣ сайёҳон, шаҳрвандони кишвари Ҳолланд Ш. Мартин ва ҳамсафари ӯро мавриди ғорат қарор дода, аз онҳо 800 доллар, 120 сомонӣ, як адад дастгоҳи аккосӣ, як адад «Ноутбук», телефони мобилии тамғаи «Нокия» ва 5 адад корти пластикиро тасарруф мекунанд.Бо фармони вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон оид ба муайян ва дастгир намудани ашхоси ҷиноятпеша гурӯҳи махсуси тафтишотью фаврӣ созмон дода шуда, ҷараёни тафтиши ҷиноят таҳти назорати қатъӣ қарор дорад.Шаҳрвандоне, ки дар ошкору дастгир кардани ҷинояткорон кӯмак мекунанд, аз ҷониби роҳбарияти вазорат қадршиносӣ карда мешаванд.

Июнь 12, 2012 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд