Баррасии ҳамкориҳо бо TICA
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Шариф Раҳимзода бо Ҳамоҳангсози барномаи Раёсати Туркӣ оид ба рушд ва ҳамкориҳои байналхалқӣ, ҷаноби Фатеҳ Йилмаз доир гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки тақвияти рушди муносибатҳои дуҷониба, омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла хизматрасонии соҳаи туризм ва рафти иҷрои корҳои вобаста ба лоиҳаҳои амалигардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти Ш. Раҳимзода бо ҷаноби Ф.Йилмаз аз мавзӯъҳои калидӣ маҳсуб гардиданд. Мавриди зикр аст, ки фаъолияти TICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз ҳамкориҳои техникӣ дар соҳаҳои мухталиф иборат аст. Намояндагии ин созмон ҷараёни расондани кӯмаки техникиро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисод, инфрасохтор, фарҳанг, маориф, баланд бардоштани тахассус ва ғайра мунтазам таҳти назорат қарор медиҳад. Бо мақсади мусоидат ба рушди ҷумҳурӣ то имрӯз аз ҷониби Туркия тавассути TICA кӯмаки техникӣ ба маблағи бештар аз 7 миллион доллари ИМА расонида шуд. Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо атрофи нақшаю барномаҳои дар оянда амалишаванда мубодилаи афкор намуданд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






