Баррасии ҳамкориҳо бо TICA

Июнь 22, 2012 14:44

Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Шариф Раҳимзода бо Ҳамоҳангсози барномаи Раёсати Туркӣ оид ба рушд ва ҳамкориҳои байналхалқӣ, ҷаноби Фатеҳ Йилмаз доир гардид.  Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки тақвияти рушди муносибатҳои дуҷониба, омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла хизматрасонии соҳаи туризм ва рафти иҷрои корҳои вобаста ба лоиҳаҳои амалигардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти Ш. Раҳимзода бо ҷаноби Ф.Йилмаз аз мавзӯъҳои калидӣ маҳсуб гардиданд. Мавриди зикр аст, ки фаъолияти TICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз ҳамкориҳои техникӣ дар соҳаҳои мухталиф иборат аст. Намояндагии ин созмон ҷараёни расондани кӯмаки техникиро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисод, инфрасохтор, фарҳанг, маориф, баланд бардоштани тахассус ва ғайра мунтазам таҳти назорат қарор медиҳад. Бо мақсади мусоидат ба рушди ҷумҳурӣ то имрӯз аз ҷониби Туркия тавассути TICA кӯмаки техникӣ ба маблағи бештар аз 7 миллион доллари ИМА расонида шуд. Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо атрофи нақшаю барномаҳои дар оянда амалишаванда мубодилаи афкор намуданд.

Июнь 22, 2012 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!