Баррасии ислоҳоти навини самти соҳибкорӣ

Июнь 1, 2012 15:32

Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 31 май дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муҳокимаи лоиҳаи варианти ибтидоии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ва «Дар бораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.Чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ташкил шуда, дар он зиёда аз 70 нафар соҳибкор роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои ватанӣ ва ассотсиатсияҳои соҳибкорони ҷумҳурӣ, инчунин намояндагони мақомоти давлатии санҷишӣ иштирок карданд.Дар ҷараёни мизи мудаввар аз ҷониби намояндагони Кумита лоиҳаҳои дар боло зикршуда бо назардошти қайди фарқияту тағйироти он дар муносибат ба санадҳои амалкунандаи самтҳои мазкур муаррифӣ гашта, ҳадафу моҳияти қабули санадҳои мазкур равшан карда шуданд.Bслоҳоти мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Президенти ҶТ, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2012 баён гардид, инчунин аз доираи дигар барномаҳои рушди иқтисодиёт ва стратегияҳои ҷумҳурӣ, бо назардошти таъмини сиёсати дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва пешбурди фаъолияти он дар мамлакат бар меояд.

Июнь 1, 2012 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд