Баррасии масъалаҳои муҳоҷират
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Чанде пеш дар Федератсияи Русия мулоқоти роҳбари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Асрор Одинаев бо сардори раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират дар вилояти Новосибирск Юрий Звягинтсев баргузор гардид.Тавре ки аз Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусоҳибон вазъи муҳоҷират дар минтақа, масъалаҳои қонунӣ гардонидани муҳоҷирати меҳнатӣ ва бо кор таъмин намудани муҳоҷиронро мавриди муҳокима қарор доданд.Ҳамчунин мулоқоти Асрор Одинаев бо роҳбари Раёсати Хадамоти федералии намояндагони ҳакамият дар вилояти Новосибирск Михаил Печурин, роҳбари созмони ҷамъиятии Мухторияти миллию фарҳангии «Сомониён» — и тоҷикони Новосибирск М.Каримов ва раиси созмони минтақавии ҷамъиятии «Дӯстӣ» — и тоҷикистониёни вилояти Новосибирск С.Абдуҷабборов баргузор гардид.Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои иштироки ҷамоаи Тоҷикистон дар амри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди вилояти Новосибирск муваққатан кор мекунанд ва ҳамкории муштарак ҷиҳати ҳифзи равобити фарҳангӣ, расму оини миллӣ, ҳамчунин омӯзиши забони тоҷикӣ муҳокима шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






