Баррасии пешгирӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифат
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Фаъолияти якҷояи Агентии «Тоҷикстандарт» бо мақомоти дигар баҳри назорати сифат ва бехатарии маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ самараи хуб дода истодааст. Ин нуқта дар Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба назорати сифат ва бехатарии маҳсулот, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, зикр шуд. Дар Шўро, ки он дар назди Агентии «Тоҷикстандарт» аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ташкил шудааст, пеш аз ҳама нуктаҳои муҳиме, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ ва супоришҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии истеҳсолоти ватанӣ ва таъмини бехатарии маводи хӯрока зикр шудаанд мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.Зикр гардид, ки бо фаро расидани фасли гармо зарур аст, ки мақомоти марбута дар доираи салоҳият ва фаъолияти худ оид ба сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоии ба бозори истеъмолӣ воридшаванда назоратро ба таври ҷиддӣ ба роҳ монд, тарзу усулҳои амалии боз ҳам беҳтар намудани истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва рақобатпазири ватаниро пешниҳод намуд.Ҳамчунин дар Шўро дар самти назорати масолеҳи бинокорӣ, ки имрўз дар истифодаи умум қарор доранд ва сифати корҳои сохтмонии иншооти бузурги ҷумҳурӣ аҳамияти махсус дода шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






