Базми хотирнишини шеър
Ҳисор, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Дар ноҳияи Ҳисор базми шеъри шоири маҳбуб, котиби масъули бахши ҳисории Иттифоқи нависандагон устод Ҳидоятулло Раҳмонӣ бо шукӯҳи хосса баргузор гардид. Он як навъ ҳисоботи эҷодии адиби маъруф ва қадршиносии ӯ аз ҷониби мақомоти иҷроия, раёсати Иттифоқи нависандагон, Вазорати фарҳанг ва адибону олимону дӯстон ҳам буд. Ҳидоятулло Раҳмонӣ фаъолияти хешро ҳамчун омӯзгор оғоз намуда, феълан доираи фаъолияти ӯ ҳамчун омӯзгор, шоир, нависанда, садри маҳфили адабии «Истеъдод», раҳбари бахши ҳисории Иттифоқи нависандагон доманадор аст. Ӯ дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии ноҳия саҳм мегузорад.Дар базми шеър раиси ноҳияи Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Солеҳов, адибон Кароматуллои Мирзо, Камол Насрулло, Мирзо Файзалӣ, Ҳикмат Раҳмат, Султонмуроди Одина, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Исмоил Зарифӣ ва бисёр дӯстону ҳамкорон дар бораи ашъори Ҳидоятулло Раҳмонӣ андешаҳои хешро иброз доштанд.Базми шеърро ҳузури ҳофизони маҳбуб Комилҷон Ғаниев, Убайдуллоҳи Каромат, Ҳабибуллои Кенҷа ва дигарон хотирнишин гардонид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






