Беҳбуди муҳити зист дар Корхонаи алюминийи тоҷик

Июнь 12, 2012 09:01

Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯзҳо ба хотири беҳбуди муҳити зист шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода дар гирду атрофи Корхонаи воҳиди давлатӣ (КВД)-и «Ширкати алюминийи тоҷик» баҳри беҳтар намудани ҳолати тозакунии партовҳои зарарнок корҳои зиёдро анҷом медиҳад.Ба хотири пешгирии ифлосшавии ҳавои атмосферии муҳити зист дар назди корхона сехи ободонӣ амал менамояд, ки самти фаъолияти он ба бунёди боғу ҷангалҳо равона гардидааст. Аз майдони умумии 155 гектар 139 гектари онро сехи ободонӣ ва 16 гектари онро хати соярӯй ташкил медиҳад. Дар ин минтақа ҷангале бунёд шудааст, ки он аз 5 қитъа иборат буда, дар он 128 нафар коргар ба корҳои ободонӣ машғуланд. Дар майдони ҷангалзор 868 ҳазору 577 бех дарахти бисёрсола парвариш ёфта, чун манбаи тоза кардани ҳаво дар беҳбуди муҳити атроф мусоидат менамояд.Дар давоми соли 2011 ва чор моҳи аввали соли 2012 дар ин майдон ба таври илова боз 25 ҳазору 128 бех сафедори калифорниягӣ ва 76 ҳазору 430 бех қаламчаи ин навъи сафедор шинонда шуд, ки ҳамаи он манбаи тозакунандаи ҳавои муҳити зисти атрофанд.

Июнь 12, 2012 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд